Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Некдил бош, то некбин бошӣ.
Унсурулмаолии Кайковус
Молро иваз бувад, ҷонро набувад.
Унсурулмаолии Кайковус
Хурднигару бузургзабон мабош!
Унсурулмаолии Кайковус
Мар он гўй, ки онро дида бошӣ,
На он, к-аз дигаре бишнида бошӣ.
Хабар ҳаргиз на монанди аён аст,
Яқини дил на ҳамтои гумон аст.
Фахриддини Гургонӣ
Чу дар фарҷом хоҳад буд яке кор,
Ҳам аз оғози кор ояд падидор.
Фахриддини Гургонӣ
Набошад морро бачча ба ҷуз мор,
Наёрад шохи бад ҷуз тухми бад бор.
Фахриддини Гургонӣ
Гули наргис накў бошад ба дидан,
Валекин талх бошад дар чашидан.
Фахриддини Гургонӣ
Хуш аст андўҳи танҳоӣ кашидан,
Агар бошад умеди боз дидан.
Фахриддини Гургонӣ
Ҳама меҳр зи нодидан бикоҳад,
Агар дида набинад, дил нахоҳад.
Фахриддини Гургонӣ
Ҳар он гоҳе, ки дорӣ гул чидан кор,
Раво бошад, агар дастат халад хор.
Фахриддини Гургонӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо