Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Нахоҳад хештанро ҳеҷ кас бад.
Фахриддини Гургонӣ
Ҳама кас ба як хўю як хост нест,
Даҳ ангушти мардум ба ҳам рост нест.
Асадии Тўсӣ
Битарс аз ниҳонрашку аз кинавар,
Ба гуфтори ҳар кас дил аз раҳ мабар!
Асадии Тўсӣ
Ба ҳар кор дар зўр кардан машўр,
Ки чора басе ҷой беҳтар зи зўр.
Асадии Тўсӣ
Паси тирагӣ равшанӣ гирад об,
Барояд паси тирашаб Офтоб.
Асадии Тўсӣ
Гуҳар доштӣ, арҷ нашнохтӣ,
Ба нодонӣ аз каф бияндохтӣ.
Асадии Тўсӣ
Намад зуд баркаш, чу шуд з-об тар,
Ки то об монад гаронбортар.
Асадии Тўсӣ
Ба дарёи жарф он ки ҷўяд садаф,
Бибояд-ш ҷон барниҳодан ба каф.
Асадии Тўсӣ
Касеро магардон чунон сарфароз,
Ки натвонӣ овард аз он поя боз.
Асадии Тўсӣ
Ду чиз аст андар ҷаҳон нектар,
Ҷавонӣ яке, тандурустӣ дигар.
Асадии Тўсӣ
Зи ноустуворӣ маҷў айманӣ,
Чу ёбӣ бузургӣ, маёвар манӣ!
Асадии Тўсӣ
Гиристан ба ҳангом бо сўгу дард
Беҳ аз хандаи нобаҳангому сард.
Асадии Тўсӣ
Ҳар он хишт, к-аз колбад шуд бадар,
Бар он колбад боз н-ояд дигар.
Асадии Тўсӣ
Киро нест дил хуш ба некии хеш,
Гуҳар з-ў бувад, гар бад ояд-ш пеш.
Асадии Тўсӣ
Гумонҳо ҳама рост машмар зи дур,
Ки бас монад аз дур шеван ба сур.
Асадии Тўсӣ
Аз мушк бўй ояд, аз каҳ дуд.
Асадии Тўсӣ
Чу як аён набувад дар ҷаҳон ҳазор хабар,
Ҷу як яқин набувад аз хирад ҳазор гумон.
Қатрони Табрезӣ
Агар бадгўй наздики ту ояд,
Бирон ўро зи наздикат, нашояд.
Аз ў машнав суханҳои хурофот,
К-аз он ояд туро дар охир офот.
Носири Хусрав
Беҳтар зи бори ҳикмат бар шохи нафс бар нест,
Хуштар зи лафзи доно зӣ оқилон шакар нест.
Носири Хусрав

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо