Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Куҷо яқин бувад, он ҷо бакор нест гумон.
Абулҳасани Фаррухӣ

Куҷо нур бошад, чӣ ҷои зулом?
Куҷо Моҳ бошад, чӣ ҷои Суҳост?
Абулфазли Байҳақӣ

Бо шеру паланг ҳар ки овез кунад,
Он беҳ, ки зи тири фақр парҳез кунад.
Абулфазли Байҳақӣ

То ҷон дар тан аст, умеди роҳату фараҷ аст.
Абулфазли Байҳақӣ

Ҳар рўзе, ки меояд, кори хеш меорад.
Абулфазли Байҳақӣ

Кас аз модар ваҷеҳ назояд.
Абулфазли Байҳақӣ

Агар гўӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,
Вагар гўӣ, ки натвонам, бирав, биншин, ки натвонӣ!
Унсурулмаолии Кайковус

Чаро зинда шумарад касе худро, ки зиндагонии ў на бар муроди ў бувад?!
Унсурулмаолии Кайковус

Ҳар ки туро зишт гўяд, маъзуртар аз он касе дон, ки он зишт ба ту расонад.
Унсурулмаолии Кайковус

Агар хоҳӣ, ки бар қафои ту наханданд, зердастонро гиромӣ бидор!
Унсурулмаолии Кайковус

Нахуст чашм бинад, он гаҳ дил биписандад.
Унсурулмаолии Кайковус

пешина
аз 331
навбатӣ