Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз пушаймонӣ чӣ суд акнун, ки кор аз даст рафт?!


Бар гузашта афсўс намешояд хўрд.


Пушаймон шавад марди беҳудакўш.


Пушаймонӣ чӣ суд охир, ки дар аввал хато кардӣ?!


Чаро оқил кунад коре, ки бозорад пушаймонӣ?


Ҷавонӣ, куҷоӣ, ки ёдат бахайр?!

41.НОУМЕДӢ

То рўзу шаб оянда ва раванда аст, аз гардиши ҳолҳо шигифт мадор!
Унсурулмаолии Кайковус

Агар уммед ранҷурӣ намояд,
Зи навмедӣ басе навмедӣ ояд.
Фахриддини Гургонӣ

Чу дар чизи касон уммед дорӣ,
Зи навмедӣ ба рў ояд-т хорӣ.
Фахриддини Гургонӣ

Ба ҳангоми сахтӣ машав ноумед,
К-аз абри сияҳ борад оби сафед.
Низомии Ганҷавӣ

Дари чорасозӣ ба худ дармабанд,
Ки бисёр талхӣ бувад судманд.
Низомии Ганҷавӣ

Дар навмедӣ басе умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Низомии Ганҷавӣ
Дил аз бемуродӣ ба фурқат масўз,
Шаб обастан аст, эй бародар, ба рўз.
Саъдии Шерозӣ

Зи кори баста маяндешу дил шикаста мадор,
Ки оби чашмаи ҳайвон даруни торикист.
Саъдии Шерозӣ

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур!
Кулбаи эҳзон шавад рўзе гулистон, ғам махур!
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад нопадид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-ўро нест поён, ғам махур!
Ҳофизи Шерозӣ

Фиреби ҷаҳон қиссаи равшан аст,
Бибин, то чӣ зояд, шаб обастан аст!
Ҳофизи Шерозӣ

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи паи он саҳаре ҳаст.
Зебуннисо

Баъди навмедӣ басе уммедҳост,
Аз паи зулмат басе Хуршедҳост.


Одам ба умед зинда бошад.

  1. МУШКИЛӢ

Ҳар ки ҳаме хоҳад аз нахуст ҷаҳонро,
Дил биниҳад корҳои саъбу гаронро.
Абулнаҷми Манучеҳрӣ

Агар сад сол бошӣ шоду пирўз,
Ҳамеша умри ту бошад яке рўз.

пешина
аз 331
навбатӣ