Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Агар сахтӣ барӣ в-ар комҷўӣ,
Туро он рўз бошад, к-андар ўӣ.
Фахриддини Гургонӣ
Ҳар он сахтӣ, ки бо ту рўй бинмуд,
Гар осон гирияш, осон шавад зуд.
Ба ҳар боде маҷунб аз ҷой чун бед,
Батамкин бош ҳамчун Моҳу Хуршед!
Носири Хусрав
Саъб бошад паси ҳар осонӣ,
Нашунидӣ, ки хор бо хурмост.
Масъуди Саъди Салмон
Риш овардӣ, бирав осон паи душвор кор,
Кори осон гар наёбӣ, чанг дар душвор зан!
Сўзании Самарқандӣ
Яқин медон, ки гар сахтӣ кашидӣ,
Аз он сахтӣ ба осонӣ расидӣ.
Низомии Ганҷавӣ
Пас аз душворӣ осонист ночор.
Саъдии Шерозӣ
Бе талхие аз баҳрҳо гавҳар намеояд бирун.
Камоли Хуҷандӣ
Ҳеҷ қуфле нест дар бозори имкон бекалид.
Соиби Табрезӣ
Сад басту кушод бо ҳам омехтаанд,
То ранги бинои ин ҷаҳон рехтаанд.
Дилтанг мабошед, ки монанди ҳилол
Пеши ҳар дар калид овехтаанд.
Абдулқодири Бедил
Дар он маъраз, ки бошад ҷаҳд дар кор,
Гудози кўҳкорӣ нест душвор.
Абдулқодири Бедил
Душворӣ нест ҳеҷ душвореро.
Абдулқодири Бедил
Ҳар чи осон шавад ба охири кор,
Бошад оғозҳои он душвор.
Ҳар ки осон гирад, душвор афтад.
- ШИТОБ
Ба киштии вайрон гузаштан бар об,
Беҳ ояд, ки дар кор кардан шитоб.
Абулқосими Фирдавсӣ
Шитобу бадӣ кори Оҳарман аст,
Пушаймонию ранҷи ҷону тан аст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба ҳар кор беҳтар даранг аз шитоб,
Бимон, то битобад бар ин Офтоб.
Абулқосими Фирдавсӣ
Касеро, ки мағзаш бувад пуршитоб,
Фаровонсухан бошаду дерёб.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он гаҳ, ки доно бувад пуршитоб,
Чи дониш мар ўро, чӣ дар шўра об.
Абулқосими Фирдавсӣ
Дилу мағзро дур дор аз шитоб,
Хирад бо шитоб андар ояд ба хоб.
Абулқосими Фирдавсӣ Шитобзадагӣ аз сабуксарӣ бувад ва ҳар ки шитобзада бошад ва оҳистагӣ надонад, ҳамвора пушаймону ғамнок бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё