Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз он оташ баромад дудат акнун,
Пушаймонӣ надорад судат акнун.
Низомии Ганҷавӣ

Он пушаймонӣ, ки хўрдӣ аз бадӣ,
З-ихтиёри хеш гаштӣ муҳтадӣ.
Ҷалолиддини Румӣ

Бар гузашта ҳасрат овардан хатост,
Боз н-ояд рафта, ёди он хатост.
Ҷалолиддини Румӣ

Ҳайф бурдан зи кордонӣ нест,
Бо гаронон беҳ аз гаронӣ нест.
Саъдии Шерозӣ

Зи соҳибғараз то сухан нашнавӣ,
Ки гар кор бандӣ, пушаймон шавӣ.
Саъдии Шерозӣ

Ду кас мурданду таҳассур бурданд: яке он, ки дошту нахўрд ва дигар он, ки донисту накард.
Саъдии Шерозӣ

Дар обу гил макор он донаи хом,
Ки бор орад пушаймонӣ саранҷом.
Чу дар мағз уфтад ҷўши ҷавонӣ,
Инон каҷ дор дилро, то тавонӣ.
Хусрави Деҳлавӣ
Бузургон паси рафта наштофтанд.
Хусрави Деҳлавӣ

Оқило, макун коре, к-оварад пушаймонӣ!
Ҳофизи Шерозӣ

Аз Суқрот пурсиданд, ки чӣ чиз аҷибтар аст?
Гуфт: «Оқиле, ки аз нокомӣ таассуф хурад».

пешина
аз 331
навбатӣ