Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳарфе, ки на донишаш нигорад,
Дар нома сиёҳрўӣ орад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Эй рухафрўхта аз оташи хашм,
Хирманат сўхта аз оташи хашм.
Даҳан аз гуфтани беҳуда бибанд,
Лабат олуда ба нохуш маписанд!
Баҳри озор макаш теғи забон,
Бар забунон магузар теғзанон!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Чу сабза латифӣ, дуруштӣ макун,
Чу гул нозукӣ, хорпуштӣ макун!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бизан шишаи хашмро санги ҳилм,
Бишў зулмати ҷаҳлро з-оби илм!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Мардӣ, гумон мабар, ки ба зўр асту пурдилӣ,
Аз хашм гар бароӣ, донам, ки комилӣ.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Дар ғазаб некмарди фарзона
Кунад афъоли деву девона.
Зишт бошад ҳама фиоли ғазуб,
Ҳеҷ феъл аз ғазуб н-ояд хуб.
Ғазаб онро, ки сангдил созад,
Шак маёвар, ки тангдил созад…
Дари ошўбро фитна созад боз,
Кунад афъоли нописанд оғоз.
Чун нишинад ғазаб, малол шавад,
В-аз фиоли бад инфиол шавад.
Камолиддини Биноӣ
Эй писар, аз сари ситез гузар,
Бигузар ҳамчу оби тезгузар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё