Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Макун тундӣ, ки бошад аз ту оҳў,
Беҳ аст аз рўи некў хўи некў.
Фахриддини Гургонӣ
Ситезаварӣ кори Оҳарман аст,
Ситеза ба пархош обистан аст.
Асадии Тўсӣ
Ба талхӣ чу заҳр аст хашм аз газанд,
Валекин чу хўрдиш, нўш асту қанд.
Асадии Тўсӣ
Хашмро дар дил мадор, зеро ки хашм
Зери доман-дар бало дорад дафин.
Чун пушаймонӣ чинӣ аз тухми хашм,
Худ макор ин тухму з-ў ин бар мачин?
Носири Хусрав
Ба нармӣ гар сухан ронӣ, ҳамерон,
Ки аз тезӣ ба ранҷ ояд дилу ҷон.
Ҳам аз нармӣ басе дил ром гардад,
Зи тундӣ пухтаҳо бас хом гардад.
Носири Хусрав
Чу хашм орӣ, машав чун оташи тез,
К-аз оташ бихрадонро ҳаст парҳез.
Носири Хусрав
Хашму шаҳват ҷамоли ҳайвонист,
Илму ҳикмат камоли инсонист.
Абдулмаҷди Саноӣ
Хашм чун теғу ҳилм чун зиреҳ аст,
Ту меҳӣ з-он гузин зи беҳ, ки беҳ аст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Камоли хиради мард он бошад, ки худ хашм нагирад, пас агар гирад, бояд, ки ақли ў бар хашм чира бошад, на хашм бар ақл ва ҳар киро нафси ў бар хирад чира бошад, чун бишўрад, хашм чашми хирадро бипўшонад ва ҳама он кунад ва фармояд, ки аз девонагон ба вуҷуд ояд ва боз ҳар киро хиради ў бар ҳавои нафси ў ғолиб бошад, ба вақти хашм хирад нафси ўро бишканад ва он кунаду фармояд, ки ба наздики ҳама оқилон писандида бошад ва мардумон надонанд, ки ў дар хашм шудааст.
Низомулмулк
Ҳар ки хашми худ фурў хўрд, эй ҷавон,
Бошад ў аз растагорони ҷаҳон.
Фаридуддини Аттор
Носиҳон гуфтанд: «Аз ҳад магзарон,
Маркаби истезаро чандон марон!».
Ҷалолиддини Румӣ
Хашму шаҳват мардро аҳвал кунад,
З-истиқомат рўҳро мубдал кунад.
Ҷалолиддини Румӣ
Агар ба лутф ба сар меравад, ба қаҳр магўй,
Ки ҳар чи сар накашад, ҳоҷати камандаш нест.
Саъдии Шерозӣ
Ба тундӣ сабук даст бурда ба теғ,
Ба дандон газӣ пушти дасти дареғ.
Саъдии Шерозӣ
Чу коре барояд ба луфту хушӣ,
Чӣ ҳоҷат ба тундию гарданкашӣ?!
Саъдии Шерозӣ
Боде, ки зи нои ҷаҳл хезад,
Дар дидаи ақл хок безад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё