Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кард маъмураҳо ситеза хароб,
Дод барбод хонаҳо чу ҳубоб.
Ҳилмро пеша созу тез машав,
Тунду тез аз сари ситез машав!
Дар ситез он касон, ки тез шаванд,
Оқибат дар сари ситез шаванд.
Камолиддини Биноӣ

Зулми маҳз аст хашм овардан
Бо касе, к-аз ту ҷон надошт дареғ.
Ҳам бар он сон, ки ҷаври сирф бувад
Ҷуд дар мавқеъе, ки бояд теғ.
Аҳмади Дониш

Ҳеҷ маъсият аз ҷаҳл азимтар нест.
«Кимиёи саодат»

Ҷаҳл ба айби худ аз ҳамаи айбҳо беш аст.
«Кимиёи саодат»

Фаромуш кунад хашм роҳи адаб,
Нигаҳ дор худро зи хашму ғазаб!


Пурсиданд, ки: «Аз мардони мард кадом азизтар?»
Гуфт: «Он ки ба вақти хашм худро нигоҳ тавонад дошт ва коре накунад, ки чун аз хашм берун ояд, пушаймонӣ хурад ва судаш надорад».


Дар ҳолати ғазаб таҳаммул лозим аст ва мағлубулғазаб аз қабили баҳоим аст.


Давои ғазаб хомўшист.

34.ТУРУШРЎӢ

Гиреҳ бо ҳар касе мафкан бар абрўй,
Чӣ бадтар бошад аз табъи турушрўй?
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ