Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Зиндагонӣ чӣ гуна ба сар бояд бурд? Ба хушнудӣ ва камозорӣ.
Гули тараб бе хори таб натавон чид.
Шавқ қадами нахустини маърифат аст.
Шавқ андар дил бошад, раҳбараш даркор нест.
- ҒАМУ АНДЎҲ
Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Шаҳиди Балхӣ
З-андўҳ хўрдан набошад суд.
Абўмансури Дақиқӣ
Зи нокарданӣ кор бартофтан,
Беҳ аз дил ба андўҳу ғам ёфтан.
Бар ину бар он рўз ҳам бигзарад,
Хирадманд мардум чаро ғам хурад?!
Абулқосими Фирдавсӣ
Мабар ғам ба чизе, ки рафта зи даст,
Мар инро нигаҳ дор акнун, ки ҳаст!
Асадии Тўсӣ
Мадеҳ дил ба ғам, то накоҳад равон,
Ба шодӣ ҳамедор танро ҷавон!
Асадии Тўсӣ
Ғами он касе хўрдан ойин бувад,
Ки ў бар ғамат низ ғамгин бувад.
Асадии Тўсӣ
Ғам хуру нони ғамафзоён махур,
З-он ки оқил ғам хурад, кўдак шакар.
Ҷалолиддини Румӣ
Ғам мадор, эй покдил, дар синаат,
Пок дор аз ҳар ғубор оинаат.
Ҷалолиддини Румӣ
Бигў дилро, ки гирди ғам нагардад,
Азеро ғам ба хўрдан кам нагардад.
Ҷалолиддини Румӣ
Неъмат аз дунё хурад оқил, на ғам.
Ҷалолиддини Румӣ
Ғам на бар дил, ки барниҳӣ бар кўҳ,
Гардад аз бори ғусса дар истўҳ.
Ҷони ширин, ки ранҷкаш бошад,
Тани мискин чӣ гуна хуш бошад?
Саъдии Шерозӣ
Агар гўӣ ғами дил, бо касе гўй,
Ки аз рўяш ба нақд осуда гардӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ғами зердаст бихур, зинҳор,
Битарс аз забардастии рўзгор.
Саъдии Шерозӣ
Ғаме, к-аз паяш шодмонӣ барӣ,
Беҳ аз шодие, к-аз пасаш ғам хурӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ғаму шодӣ бо ҳаманд.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё