Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ин муддати умри мо чу гул даҳрўза-ст,
Хандонлабу тозарўй мебояд буд.
Ҳофизи Шерозӣ
Шавқ кўтоҳ кунад роҳи дароз,
Ба рухи мард бибандад дари оз.
Шавқ қуллоби дили даврон аст,
Ҷозиби хотири маҳҷурон аст.
Шавқ барқест нишеманафрўз,
Монеи раҳшударо хирмансўз.
Гавҳари ранҷ, ки дар роҳ бувад,
Пеши муштоқ кам аз коҳ бувад.
Чун занад шуълаи шавқ аз дил тоб,
Нашавад кушта ба сад дарё об!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ханда оини хирадмандон аст,
Боғ хандон зи гули хандон аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Чу субҳ аз сидқ хандон бошу хуррам,
Ки оламро барафрўзӣ ба як дам.
Бадриддин Ҳилолӣ
Шавқи ҷон мастӣ диҳад, на завқи нон,
Дарди дил мастӣ диҳад, на дарди дон.
Ҳабиби Қоонӣ
То тавонӣ, умр бо шодӣ гузор, На ғамат монад, на шодӣ пойдор.
Шавқаш агар раҳбар шавад, Ҳар лаб суханпарвар шавад.
Шодмонӣ барои кас иборат аз он аст, ки неру ва истеъдодҳои дарунии худро ба ҳадди камол нашъунамо диҳад ва комил кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё