Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғам арчи беадад бошад чу борон,
Тавон хўрдан ба рўи ғамгусорон.
Чӣ хуш гуфт ин масал ёре ба ёре,
Ки ҳар ғамро бибояд ғамгусоре.
Хусрави Деҳлавӣ

Лоғар аст он, ки ў ғаме дорад,
Фарбеҳ он кас, ки ғам дар ў набвад.
Хусрави Деҳлавӣ

Малўл аз ҳамраҳон будан далели кордонӣ нест,
Бикаш душвории манзил ба ёди аҳди осонӣ.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳайф меояд бар он умре, ки бо ғам меравад.
Зебуннисо
Ғами даҳр хўрдан кори одами оқил нест ва андўҳи дунё беҳосил.
Шамсиддини Шоҳин

Шумо дил мадоред чандин ба ғам,
Ки аз ғам шавад ҷони хуррам дижам.


То ғам нахурӣ, ба ғамгусоре нарасӣ.


Ғаму ғуссаи муттассил–хуни ҷигару кабоби дил.


Ғам кўҳ-кўҳ меояд, мў-мў меравад.

33.ҚАҲРУ ҒАЗАБ ВА СИТЕЗА

Замона гуфт маро: «Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Хирад бояд андар сари марди кор,
Ки тезию тундӣ наёяд ба кор.

пешина
аз 331
навбатӣ