Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунки андар ҳар ду олам ёр мебояд маро,
Бо биҳишту дўзаху бо ҳуру бо ғилмон чӣ кор?!
Ҳофизи Шерозӣ

Дар кори ёр кўш, ки корест карданӣ.
Ҳофизи Шерозӣ

Наёяд зи як даст кардан ду кор,
Нашояд ба як дил гирифтан ду ёр.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бо ёру рафиқ даҳр некўст,
Н-арзад ба ҷаве замона бе дўст.
Шоҳини Шерозӣ

Олам ба чӣ кор ояд, агар ёр набошад.
Бадриддин Ҳилолӣ

Зани парҳезкори зоянда
Мардро давлатест поянда.
Мактабии Шерозӣ

Зан, ки мастуру некхў бошад,
Нест айб, ар на хубрў бошад.
Мактабии Шерозӣ

Ёри бад аз мори ҷонгазой батар.
Ҳабиби Қоонӣ

Ёри бад бадтар бувад аз мори бад,
Мори бад беҳтар бувад аз ёри бад.
Мори бад чун бар тану бар ҷон занад,
Ёри бад бар ҷону бар имон занад.


Расми ошиқ нест бо як дил ду дилбар доштан,
Ё зи ҷонон ё зи ҷон боист дил бардоштан.


Шўи зани навҷавон агар пир бувад, Чун пир бувад, ҳамеша дилгир бувад.


Оре, масал аст ин, ки занон мегўянд:
«Дар паҳлуи зан тир беҳ аз пир бувад».


Гар мазҳаби ошиқони оқил дорӣ, Як дўст басанда кун, ки як дил дорӣ.


Ҷавонзан чу бинад ҷавоне ҳажир, Ба некӣ наяндешад аз шўи пир.


Бе ёри вафодор на аз умр лаззате ҳаст ва на дар зиндагӣ роҳат.


Зани нек осоиши мард ва ободонии хона ва ёридиҳанда дар накўкорист.


Ҳар ки зан надорад, осоиши тан надорад.


Зиндагии занро ҳассосият, ишқ, таҳаммул ва фидокорӣ ташкил медиҳанд.


Зани салита аспи белаҷом аст.


Зан шарики зиндагӣ ва ёри дармондагист.


Дар хонае, ки зан нест, рўшноӣ нест.


Ҳар ки бе ёр бувад, пайваста бемор бувад.


Зану шавҳар ҷанг кунанд, аблаҳон бовар кунанд.


Ба ҷанги зану шў остонаи хона механдад.


Зани нек офияти зиндагонӣ бувад.

пешина
аз 331
навбатӣ