Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зан аз ғоза сурхрў нашавад, мард аз ғизо.


Зан мардро ҳам мард кунад, ҳам номард.


Зани нек мардро тоҷбарсар кунад.


Зан розӣ, мард розӣ - гўри падарӣ қозӣ.


Зани бебача–бўрёи сари кўча.


Зани беноз–оши бепиёз.


Зани ҷавону шўи пир – сабад бимону чўҷа гир!


Зани пиру марди ҷавон, Худоё, ин дардро ба касе марасон!


Зани солиҳа ба кадом хона, ки бошад, рўшноӣ ба
рўшноӣ меафзояд.


Кори як зан беҳ аз сад марди лофзан.


Даъвои зану шавҳар борони фасли тобистон аст.

  1. РАШК

Ҳар он гаҳ, ки дил тира гардад зи рашк,
Мар он дардро дев бошад пизишк.
Абулқосими Фирдавсӣ

Бикаш ҷону дил, то тавонӣ, зи рашк,
Ки рашк оварад гарму хунин сиришк!
Абулқосими Фирдавсӣ

Набошад ҳеҷ занро рашкбар шўй,
Ки шўи рашкбар бошад балоҷўй.
Фахриддини Гургонӣ
Битарс аз ниҳонрашку аз кинавар,
Ба гуфтори ҳар кас дил аз раҳ мабар!
Асадии Тўсӣ

  1. ШАҲВАТ

Шаҳват фурў нишону ба кунҷе фурў нишин,
Маншин бар аспи ғадру тамаъро мадеҳ лагом!
Носири Хусрав

Ба ифрот ар кунӣ шаҳват, зиён аст,
Заифии тан асту қатъи ҷон аст.
Носири Хусрав

Шаҳват оташ аст, аз вай бипарҳез!
Саъдии Шерозӣ

Чу шерон бар шикор андоз мастӣ,
Чу хуку саг макун шаҳватпарастӣ!
Хусрави Деҳлавӣ

Чашми ақлу илм кўр аз шаҳват аст,
Дев пеши дида ҳур аз шаҳват аст.
Ҳар куҷо ғавғои шаҳват кард зўр,
Мебарад аз дил хирад, аз дида нур.
Сели шаҳват ҳар куҷо тўфон кунад,
Хонаи иқболро вайрон кунад.
Роҳи шаҳват пургилу лои балост,
Ҳар ки афтод андар ин гил, барнахост.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба шаҳват қурби тан бо тан зарур аст,
Миёни ишқу шаҳват роҳ дур аст.
Ваҳшии Бофқӣ

Гар аз паи шаҳвату ҳаво хоҳӣ рафт,
Аз ман хабарат, ки бенаво хоҳи рафт.

пешина
аз 331
навбатӣ