Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад,
То тавонӣ, мегурез аз ёри бад!
Ҷалолиддини Румӣ
Зани бад дар сарои марди накў
Ҳам дар ин олам аст дўзахи ў.
Саъдии Шерозӣ
Ёре, ки таҳаммул накунад, ёр набошад,
Ҷанг аз тарафи ёр дилозор набошад.
Саъдии Шерозӣ
Зани зишти бадхўй ранҷ асту бор,
Зани хубу хушхўй хеш асту ёр.
Саъдии Шерозӣ
Дилором бошад зани некхоҳ,
Валек аз зани бад, Худоё, паноҳ!
Саъдии Шерозӣ
Зани ҷавонро тире ба паҳлў нишинад беҳтар, ки пире.
Саъдии Шерозӣ
На як дил дар ду дилбар раҳ кунад гум,
На дар як дида даргунҷад ду мардум.
Хусрави Деҳлавӣ
Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,
Саодати абаду умри ҷовидон дорад.
Хусрави Деҳлавӣ
Зан ба чашми ту гарчи хуб шавад,
Зишт бошад, чу хонарўб шавад.
Рукниддини Авҳадӣ
Зан чу дорӣ, марав паи зани ғайр,
Чун равӣ, дар занат намонад хайр.
Рукниддини Авҳадӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё