Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як луқмаи сабоҳӣ беҳ аз мурғеву моҳӣ.


Як луқмаи субҳ мадеҳ, к-он луқмаи шом аст.


Кам бихуру ғам махур!

  1. ЗАН ВА ЁР

Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад,
К-аз ў шўй ҳамвора хандон бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар ёр бошад равон бо хирад,
Ба неку ба бад рўзро нашмарад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зан бошад аз дард фарёдрас.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зани покро беҳтар аз шўй нест.
Абулқосими Фирдавсӣ

Чу дар хона туро душман бувад ёр,
Чунон бошад, ки дорӣ б-остин мор.
Фахриддини Гургонӣ

Набошад ёр чун ёри нахустин,
На ҳар маъшуқ чун маъшуқи пешин.
Фахриддини Гургонӣ

На ҳар зан дудил бошаду даҳзабон.
Асадии Тўсӣ

Киро ёр бадмеҳру бадсоз бошад,
Набошад ба коми дилаш ҳеҷ коре.
Қатрони Табрезӣ
Ёри ту темор надорад зи ту,
Чун ту надорӣ худ темори хеш.
Носири Хусрав

Чун ёр мувофиқ набувад, танҳо беҳтар,
Танҳо ба сад бор, чу нодон-т ҳамто.
Носири Хусрав

Занонро лутфу хушхўрист даркор,
Чу тифлонро бувад шафқат сазовор.
Носири Хусрав

Дил беш кашад ранҷ, чу дилбар ду шавад.
Масъуди Саъди Салмон

Роҳи беёр зафт бошад, зафт,
Ҷуз ба об об кай тавонад рафт?!
Абдулмаҷди Саноӣ

Гар ёри нек хоҳӣ, шўи некном бош,
Танҳо намонад он, ки бувад номи некаш ёр.
Сўзании Самарқандӣ

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар нае қанд.
Низомии Ганҷавӣ

Ду дилбар доштан аз якдилӣ нест,
Дудил кардан касеро оқилӣ нест.
Низомии Ганҷавӣ

Он пўшад зан, ки ришта бошад,
Мард он даравад, ки кишта бошад.
Низомии Ганҷавӣ

Ёри ҷисмонӣ бувад рўяш чу марг,
Суҳбаташ шум аст, бояд кард тарк.
Ҷалолиддини Румӣ

пешина
аз 331
навбатӣ