Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Даме пеши доно беҳ аз оламест.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳаваси суҳбати ёре агарат меафтад,
Бо рафиқони мухолиф накунӣ ёрӣ, беҳ.
Камоли Хуҷандӣ

Дар суҳбати дўст ҷон нагунҷад,
Шодию ғами ҷаҳон нагунҷад.
Камоли Хуҷандӣ

Мурдадилонанд ба рўи замин,
Баҳри чӣ бо мурда шавӣ ҳамнишин?!
Ҳамдами мурда диҳадат мурдагӣ,
Суҳбати афсурдадил афсурдагӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Суҳбати пок наёбад ҷуз пок.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Суҳбат ганимат аст, ба ҳам чун расидаем,
То кай дигар ба ҳам расад ин тахтапораҳо?!
Соиби Табрезӣ

Аз суҳбати ҳар ки бурдаӣ бўи насиб,
Бояд ба муроди дили ў буд қариб.
Аздод ба ҳам наметавон кардан ҷамъ,
Бо сиҳҳат бош ошно ё ба табиб!
Абдулқодири Бедил

Зиндагии ғофилон хобу хаёле беш нест,
Ҳайфи авқоте, ки сарфи суҳбати ҷоҳил кунанд.
Зебуннисо

Аз ҳар куҷо ба рўи замин хона беҳтар аст,
В-аз ҳар чи ҳаст, суҳбати ҷонона беҳтар аст.
Абулқосим Лоҳутӣ

пешина
аз 331
навбатӣ