Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Суҳбати мардат асар кунад,
Суҳбати номард зарар кунад.


Суҳбати мард мадад кунад,
Суҳбати номард сардард кунад.


Суҳбати марди худо мардат кунад,
Суҳбати ҳар носазо сардат кунад.


Он ки нодониву ғафлат васфи ўст,
Суҳбаташ монанди заҳри қотил аст.


Суҳбати меҳмон аз асал ширинтар, аз мўй бориктар.


Суҳбати нодон – оташи сўзон.


Суҳбататро ҳамсуҳбат бояд.

26.ОДОБИ СУХАНГЎӢ

Сухан, к-аз даҳон ноҳумоюн равад,
Чу морест, к-аз хона берун давад.
Нигаҳ дор худро аз ў, чун сазад,
Ки наздиктарро сабуктар газад.
Абўшакури Балхӣ

Сухан, к-ў зи сию ду дандон биҷаст,
Ба сию ду гўшу дил - андар нишаст.
Наёяд дигарбора аз мардумон,
Сухан, к-аз даҳон ҷасту тир аз камон.
Абўшакури Балхӣ

Касе, к-ў ба некў сухан шод нест,
Бар ў неку бад, ҳар чи бошад, якест.
Абўшакури Балхӣ
Чу ёқут бояд сухан безиён,
Сабуксанг, лекин баҳояш гарон.
Абўшакури Балхӣ

Сухан, к-андар ў суд не, ҷуз зиён,
Набояд, ки ронда шавад бар забон.
Абўшакури Балхӣ

Сухан гарчи бошад гаронмоятар,
Фурўмоя гардад зи кампоятар.
Абўшакури Балхӣ

Мабош ғамгин, яке лафз ёд гир латиф,
Шигифту кўтаҳ, валекин қавию бобунёд.
Абулҳасани Кисоӣ

Агар бадгумоне кушояд забон,
Ту тезӣ макун ҳеҷ бо бадгумон!
В-аз он кас, ки сустӣ гумоне барад,
В-аз андоза гуфтори ў бигзарад,
Ту посух мар ўро ба андоза гўй,
Суханҳои чарб оварад, тоза гўй!
Ба озарм агар бифканӣ сўи хеш,
Пушаймонӣ ояд зи гуфтори пеш.
Абулқосими Фирдавсӣ

Забонро нигаҳдор бояд будан,
Набояд забонро ба заҳр ожадан,
Ки бар анҷуман марди бисёргўй
Бикоҳад ба гуфтори хеш обрўй.
Абулқосими Фирдавсӣ

Забону дилат бо хирад рост кун,
Ҳамерон аз он сон, ки хоҳӣ, сахун!
Абулқосими Фирдавсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ