Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дидаи бешарм писандида нест,
Дар назари ақл худ он дида нест.
Ҳеҷ пироя беҳтар аз шарм нест.
Одами беҳаё на нанг дорад, на вафо.
- СУҲБАТ
Чу аз суҳбат расад бар нафс таъсир,
Ба суҳбат дўстони муътабар гир!
Носири Хусрав
Мабур аз суҳбати доно, ки дониш
Кунад таъсир бар ту аз забонаш.
Носири Хусрав
Нишин бо аҳли илм, эй дўст, модом,
Ки аз дониш беҳӣ ёбӣ саранҷом.
Носири Хусрав
Макун бо аҳли ҷаҳл, эй ёр, суҳбат,
Ки з-он суҳбат расӣ ҳар дам ба меҳнат.
Носири Хусрав
Ба лутф аз хеш беҳтар ҷў ҳарифат,
Ки ҳамчун худ бигардонад зарифат.
Носири Хусрав
Суҳбати нодон сад раҳ батар аз зиндон.
Носири Хусрав
Ҳама кори ту бод бо уқало,
Дур бодӣ зи суҳбати ҷуҳало!
Абдулмаҷди Саноӣ
Суҳбати аблаҳон чу деги тиҳист,
Аз дарун холӣ, аз бурун сияҳист.
Абдулмаҷди Саноӣ
Суҳбати аҳмақ басе хунҳо бирехт.
Ҷалолиддини Румӣ
Суҳбати мардон-т чун мардон кунад,
Нори хандон боғро хандон кунад.
Ҷалолиддини Румӣ
Ба як нотарошида дар маҷлисе
Биранҷад дили ҳушмандон басе.
Агар биркае пур кунанд аз гулоб,
Саге дар вай афтад, кунад манҷалоб.
Саъдии Шерозӣ
Суҳбати дерошноён дер барҳам мехўрад,
Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност.
Саъдии Шерозӣ
Ҳазор шарбати ширину меваи машмум,
Чунон муфид набошад, ки бўи суҳбати ёр.
Саъдии Шерозӣ
Суҳбати ў кун, ки басидқу сафост,
Домани ў гир, ки з-аҳли вафост.
Хусрави Деҳлавӣ
Хуррам дили он касе, ки суҳбат
Бо ёр аладдавом дорад.
Ҳофизи Шерозӣ
Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон суҳбат мадор!
Ҳофизи Шерозӣ
Зи ҳамсуҳбати бад ҷудоӣ, ҷудоӣ!
Ҳофизи Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё