Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Феъли бад – коҳиши ҷон.


Хулқи нек – боли инсон.


Хўи некў аз рўи некў.


Хўи бад – бори гарон.


Хўе, ки ба сар кардӣ, ба ҷон мегузарад.


Хушфеъл ҳамеша хушмаош аст.

  1. ШАРМУ ҲАЁ

Чунон дон, ки бешарми бисёргўй
Набинад ба назди касе обрўй.
Абулқосими Фирдавсӣ

Бешармӣ набувад бузургтар аз он, ки ба чизе даъвӣ кунад, ки бидонад ва он гоҳ бад он дурўғзан бошад.
Унсурулмаолии Кайковус

Кунад бешарм ҳар коре, ки хоҳад,
Натарсад з-он, ки оби ў бикоҳад.
Фахриддини Гургонӣ

Ҳаё асл аст андар зоти инсон,
Ки дорад одамиро одамисон.
Носири Хусрав

Зи шарм ар бо фаришта ҳамнишинӣ,
Зи бешармӣ ту бо девон қаринӣ.
Носири Хусрав
Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!
Носири Хусрав
Ҳар киро кард шарм аз ў дурӣ,
Бидарад пардаҳои мастурӣ.
Рукниддини Авҳадӣ

Саре, к-ў аз ҳаё дар пеш бошад,
Ба исмат посбони хеш бошад.
Бадриддин Ҳилолӣ

Хонаи чашме, ки ҳаё чароғаш афрўхт, аз ҷилваи асбоб ҷуз партави ибрат наяндўхт.
Абдулқодири Бедил

Бухл аз осори беҳаёисту беҳаёӣ далели нобиноӣ.
Абдулқодири Бедил

Он кас, ки ҳаё далели роҳаш бошад,
Аз аксари офот паноҳаш бошад.
Камтар чинад ғубор аз ин роҳи ҳавас,
Чашме, ки ба пеши по нигоҳаш бошад.
Абдулқодири Бедил

Ҳуснро бе арақи шарм тароват набувад,
Гули коғаз беҳ аз он гул, ки бар ў шабнам нест.
Абдулқодири Бедил

Онро, ки ҳаё беш, сахо бештар аст.
Абдулқодири Бедил

Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Абдулқодири Бедил

Беҳаёӣ пардаест, ки панҷаи шер намедарад.
Шамсиддини Шоҳин

Гарчи гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.

пешина
аз 331
навбатӣ