Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Замона буттаи хор аз дуруштхўии туст,
Агар ту нарм шудӣ, ин ҷаҳон гулистон аст.
Соиби Табрезӣ

Хушхў хеши бегонагон бошад, бадхў бегонаи хешон.
«Таърихи гузида»

Ҳар ки ўро пеша бадхўӣ бувад,
Кори ў пайваста бадрўӣ бувад.
Хўи бад бар тан балои ҷон бувад,
Мардуми бадхў на аз инсон бувад.


Нохушӣ дар зиндагонӣ, эй валид, Мардро аз хўи бад гардад падид.


Он ки набвад мар варо феъли накў, Мурда медонаш, ки набвад зинда ў.


Феъли бад зарар дорад,
Бар одам хатар дорад.


Бадхўй дар чанги душмане гирифтор аст, ки ҳар куҷо равад, аз чанги уқубати ў халосӣ наёбад.


Ҳеҷ сифате беҳтар аз хусни хулқ ва ҳеҷ ҳолате хуштар аз сифати нек нест.


Мор пўсти худро гузорад, аммо хўи худро нагзорад.


Бадхўй дар дасти хўи бади худ гирифтор аст .


Ҳеҷ душман бадтар аз хўи бад нест.


Хўи бадро баҳона бисёр аст.


Хўи хуш аз ҳама қаринон беҳ.

пешина
аз 331
навбатӣ