Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Гунаҳ нокардану бебок будан
Басе осонтар аз пўзиш намудан.
Фахриддини Гургонӣ
Гуноҳе, ки бахшида бошӣ зи бун,
Сухан з-он дигарбора тоза макун!
Асадии Тўсӣ
Беҳин родӣ он дон, ки бе дарду хашм
Бибахшӣ, надорӣ ба подош чашм?
Асадии Тўсӣ
Ту, ки бар хештан набахшоӣ,
Ҷуз ту бар ту чӣ гуна бахшояд?!
Носири Хусрав
Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намебояд шунид.
Ҷалолиддини Румӣ
Ҳар ки бар хештан набахшояд,
Гар набахшад касе бар-ў, шояд.
Саъдии Шерозӣ
Шукри бузургӣ он аст, ки ба хурдон бибахшоянд ва қимати олӣ он, ки ба моли мискинон наёлоянд.
Саъдии Шерозӣ
Аз хурдон хатову аз бузургон ато.
Саъдии Шерозӣ
Он ғазаб нописанд бошаду зишт,
Ки чу кардӣ, маҷолу узр наҳишт.
Рукниддини Авҳадӣ
Афв кардан пас аз гуноҳ бувад,
Бегунаҳро ба афв ҳоҷат нест.
Ибни Ямин
Чу муҷрим шавад аз гунаҳ узрхоҳ,
Гунаҳ дон тағофул зи узри гуноҳ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Афв фармудан муборак хислатест,
Ҳар ки дорад афв, соҳибдавлатест.
Дил зи нури афв равшан мешавад
В-аз насимаш сина гулшан мешавад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Бадтарини бадон он аст, ки узр напазираду кинаи узрхоҳ дар дил гирад.
Дар афв лаззатест, ки дар интиқом нест.
Узри гуноҳ бадтар аз гуноҳ аст.
Агар узр аст, ин низ бас аст.
21.МУРУВВАТ
Дилатро бо мурувват муттафиқ кун,
Вагар хайре кунӣ, бо мустаҳиқ кун!
Носири Хусрав
Мурувват набошад зи озодагон
Лагадкўб кардан бар афтодагон.
Хусрави Деҳлавӣ
Мурувват он аст, ки дар пинҳонӣ коре кунанд, ки дар ошкор шуданаш аз он хиҷолат набояд бурд.
«Таърихи гузида»
Мурувват набошад бадӣ бо касе,
К-аз ў некувӣ дида бошӣ басе.
Офати мурувват дурўғ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё