Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
- ЗОҲИРУ БОТИН, СУРАТУ СИРАТ
Ҳар ки бе сирати хуб аст накўсурат,
Ҷуз ҳамон сурати девораш манигар!
Носири Хусрав
Ботини ту ҳақиқати дили туст,
Ҳар чи ҷуз ботини ту, ботили туст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Сирати мардон талаб, к-аз дари майдон бувад,
Нақш бар айвон чӣ суд Рустаму Исфандиёр?
Афзалиддин Ҳоқонӣ
Тавон шинохт ба як-ду рўз шамоили мард,
Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум,
Вале зи ботинаш эмин мабошу ғарра машав,
Ки хубси нафс нагардад ба солҳо маълум!
Саъдии Шерозӣ
Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ,
Аҳмаду Бўҷаҳл ҳам яксон будӣ.
Ҷалолиддини Румӣ
На ҳар берун, ки бипсандӣ, дарунаш ҳамчунон бошад,
Басо ҳалвои собунӣ, ки заҳраш дар миён бошад.
Саъдии Шерозӣ
Ба сурат касоне, ки мардумвашанд,
Чу сират, ҳамон беҳ, ки дам даркашанд.
Саъдии Шерозӣ
Дар зоҳираш айб намебинам, дар ботинаш ғайб намедонам.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё