Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Онро, ки бувад комили машқи одоб,
Бар вазъи сабуксарон магиред ҳисоб.
Омезиши якдигар чӣ имкон дорад,
Гавҳар ҳарчанд ҳал намоянд ба об?!
Абдулқодири Бедил

Адаб бар бисоти сухан пешрав,
Ба поси мурувват нафасҳо гарав.
Абдулқодири Бедил

Бе ҳурмату адаб нарасад мард ҳеҷ ҷо,
Ҳар ҷо касе расид, зи роҳи адаб расид.


Одамизод агар беадаб аст, одам нест, Фарқ дар байни Бани-Одаму ҳайвон адаб аст.


Чун узр пеши ту оранд, бипазир ва чун туро адаб омўзанд, биёмўз! Ҳар киро адаб омўзанду ў наёмўзад, ҳайвонест ва ҳар киро узр пеш кунанд, напазирад, шайтонест.


Адаб сармояест, ки ҳаргиз зарар намекунад, аммо ба даст овардани он осон нест.


Кадом кас аст, ки ҳар ҷо равад, ўро дўст доранд? – Соҳибадаб.


Ҳусн ҳусн нест, одоб ҳусн аст.

  1. АФВУ УЗР

Ҳар он кас, ки пўзиш кунад бар гуноҳ,
Ту бипзиру кини гузашта махоҳ!
Абулқосими Фирдавсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ