Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наёроста дил ба фазлу адаб
Макун зинати ҷомаву ҷо талаб!
Чу нақши адаб аз дарун костӣ,
Бурунро чӣ ҳосил, ки оростӣ?!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Боядат аввал адаб андўхтан,
Пас ба дигар кас адаб омўхтан.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Адаб бар рўи ҳар шахсе нигаҳ дор,
Касеро аз касе камтар мапиндор!
Роғиби Самарқандӣ

Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Фурўғи зоҳир аз ороиши ўст,
Фароғи ботин аз осоиши ўст.
Адаб маҷмўаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.
Бадриддин Ҳилолӣ

Адаб дар анҷуман шамъи мунир аст,
Далели покии мофиззамир аст .
Ҳарифе, к-аз адаб дилкаш намояд,
Аз ў тарки адаб ҳам хуш намояд.
Бадриддин Ҳилолӣ

Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ, дар миён ой!
Бадриддин Ҳилолӣ

Толиби илмро адаб бояд,
Бо адаб саъй дар талаб бояд,
Дар талаб ҳар касе, ки беадаб аст,
Гар ба мақсуди худ расад, аҷаб аст!
Камолиддин Биноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ