Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба гетӣ кадом аст, бо ман бигўй,
Ки бифзояд аз донише обрўй?
Чунин дод посух, ки донои пир,
Ки: «Бо озмоиш бувад, ёд гир».
Абулқосими Фирдавсӣ

Саги кордида бигирад паланг,
Зи рўбаҳ рамад шери нодидаҷанг.
Абулқосими Фирдавсӣ

Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Чу меҳри касеро бихоҳӣ ба суд,
Бибояд ба суду зиён озмуд.
Абулқосими Фирдавсӣ

То муҷарраб нашавад мардум, доно нашавад.
Абўнаҷми Манучеҳрӣ

Равонро ранҷи беҳуда намоӣ,
Ки чандин озмуда озмоӣ.
Фахриддини Гургонӣ

Ба ноозмуда мадеҳ дил нахуст,
Ки ланг истода намояд дуруст.
Асадии Тўсӣ

Макун ҳамроҳии кас н-озмуда,
Тафовут дон зи дида то шунуда.
Носири Хусрав

Касе, к-аш озмудӣ, н-озмояш,
Ки бас бошад яке бор озмоиш.
Носири Хусрав
Ба корҳои гарон марди кордида фирист,
Ки шери шарза дарорад ба зер хамми каманд.
Ҷавон агарчи қавиёлу пилтан бошад,
Ба ҷанги душманаш аз ҳавл бигсалад пайванд.
Саъдии Шерозӣ

Марди хирадманди ҳунарпешаро
Умр ду боист дар ин рўзгор,
То ба яке таҷриба омўхтӣ,
Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.
Саъдии Шерозӣ

Хирадманд бошад ҷаҳондида мард,
Ки бисёр гарм озмудасту сард.
Саъдии Шерозӣ

Тандурустонро набошад дарди реш,
Ҷуз ба ҳамдардӣ нагўям дарди хеш.
Гуфтан аз занбўр беҳосил бувад,
Бо яке дар умри худ нохўрда неш!
Саъдии Шерозӣ

Нахоҳӣ, ки зоеъ шавад рўзгор,
Ба ноозмуда мафармой кор!
Натобад саги сайд рўй аз паланг,
Зи рўбаҳ рамад шери нодидаҷанг.
Саъдии Шерозӣ

Зарандудагонро ба оташ баранд,
Падид ояд он гаҳ, ки мис ё заранд?!
Саъдии Шерозӣ

Чу парварда бошад писар дар шикор,
Натарсад, чу пеш оядаш корзор.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ