Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Тафвизи корҳои бузург ба мардуми ноозмуда накунанд, ки пушаймонӣ орад.
Саъдии Шерозӣ
Рою тадбир аз пири ҷаҳондида таваққуъ доранд ва ҷанг аз ҷавони ҷоҳил.
Саъдии Шерозӣ
Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.
Саъдии Шерозӣ
То касеро дар чанд қазия наёзмоӣ, эътимод макун!
Саъдии Шерозӣ
Дар осоиш басе бошанд ёрон,
Ба ғам кун озмуни дўстдорон!
Хусрави Деҳлавӣ
Рўзи эшон сиёҳ то нашавад,
Дида огоҳи пеши по нашавад.
Абдулқодири Бедил
Ба ноозмуда кор нафармою ба озмуда устодӣ макун!
Ба дард касе расад, ки дарде дорад.
Дарди дили сўхтаро дилсўхта донад.
Умри дароз аз баҳри таҷриба аст.
Озмударо озмудан ҷаҳл аст.
Дарди худ пеши дардмандон бигўй!
15. ПИРУ ПИРӢ
То пир нашуд мард, надонад хатари умр,
То монда нашуд мурғ, надонад хатари бол.
Маҷдуддини Кисоӣ
Лаби пир бо панд некўтар аст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он пире, ки барноӣ намояд,
Ҷаҳонаш нангу расвоӣ намояд.
Фахриддини Гургонӣ
Ҷавон гарчи донодилу пурфусун
Бувад назди пир озмоиш фузун.
Асадии Тўсӣ
Ҳунарҳо ба барнойӣ овар падид,
Зи бозӣ бикаш сар, чу пирӣ расид!
Асадии Тўсӣ
Суви пирон ба ҳурмат гар гароӣ,
Ту дар пирӣ зи пирон бар сар оӣ.
Носири Хусрав
Ба дониш гарою дар ин рўзи пирӣ
Бурун афкан аз сар хумори шабона.
Носири Хусрав
Ба пирони забун кун дастгирӣ,
Ки дар пирӣ бидонӣ қадри пирӣ.
Носири Хусрав
Ҷавон гарчи шоҳи далерон бувад,
Гаҳи чора муҳтоҷи пирон бувад.
Низомии Ганҷавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё