Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар ки бе машварат кунад тадбир,
Ғолибаш бар ҳадаф наёяд тир.
Бехи бемашварат, ки биншонӣ,
Бар наёрад ба ҷуз пушаймонӣ.
Саъдии Шерозӣ

Чу ояд мушкиле пеши хирадманд,
К-аз он мушкил фитад дар кори ў банд.
Кунад ақле дигар бо ақли худ ёр,
Ки то дар ҳалли он гардад мададгор.
Зи як шамъаш нагирад нур хона,
Фурўзад шамъи дигар дар миёна.
Вале ҳаст ин сухан дар ростбинон,
Ба садри ростӣ болонишинон.
На дар каҷрав ҳарифони каҷандеш,
Ки гардад каҷравӣ аз каҷравӣ беш.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар ки бо доно машварат кунад, аз расвоӣ эмин бошад.
«Таърихи гузида»

Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат накў н-ояд.


Ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд.

  1. ТАҶРИБА, ОДАМИ КОРДИДА ВА ОЗМУДА

Ҷавон гарчи доно бувад богуҳар,
Абе озмоиш нагирад ҳунар.
Баду нек ҳар гуна бояд кашид,
Зи ҳар шўру талхӣ бибояд чашид.
Абулқосими Фирдавсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ