Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

12.КАМБУДӢ

Бе оҳу касе нест андар ҷаҳон,
Чи дар ошкору чи андар ниҳон.
Абулқосими Фирдавсӣ

Мардум айби хеш натавонад донист.
Абулфазли Байҳақӣ

Мард бе айб набошад.
Абулфазли Байҳақӣ

Гар айби ман зи хештан омад ҳама,
Аз хештан ба пеши кӣ афғон кунам?
Носири Хусрав
Аз суҳбати дўсте ба ранҷам,
К-ахлоқи бадам ҳасан намояд;
Айбам ҳунару камол бинад,
Хорам гулу ёсуман намояд;
Ку душмани шўхчашми бебок,
То айби маро ба ман намояд?!
Саъдии Шерозӣ

Бад на нек аст, бехилоф, валек
Мард холӣ набошад аз баду нек.
Саъдии Шерозӣ

Ҷуз он кас набошад накўгўи ман,
Ки равшан кунад бар ман оҳўи ман.
Саъдии Шерозӣ

Фош кун ҳилати бадандешон,
То нагўянд ғофилӣ з-эшон.
Рукниддини Авҳадӣ

Айби хештанро аз забони мардумон битавон донист.
Аҳмади Дониш
Ҳеҷ кас бе айб набошад.
«Кимиёи саодат»

Ҳар ки ў бар айби худ бино шавад,
Рўҳи ўро қуввате пайдо шавад.

  1. МАСЛИҲАТУ МАШВАРАТ

Чу меҳтар шудӣ, кор ҳушёр кун,
Надонӣ ту, донандаро ёр кун!
Абулқосими Фирдавсӣ

Паи маслиҳат маҷлис оростанд,
Нишастанду гуфтанду бархостанд.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳамеша машварат бо дўстон кун,
Зи душман рози дил доим ниҳон кун!
Носири Хусрав

Машварат кардан дар корҳо аз қавииродагии мардум мебошад.
Низомулмулк

Ҳеҷ шуғле бе машварат накў наёяд.
Низомулмулк

Ҳар киро дарде бошад, бо касе бояд гуфт, ки дармони ў зи камтар касе ба даст ояд.
Низомулмулк

Ҷуз ба тадбири пир кор макун!
Абдулмаҷди Саноӣ

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Ҷалолиддини Румӣ

пешина
аз 331
навбатӣ