Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. ҲАДШИНОСӢ

Аз андоза бартар мабар дасти хеш,
Фузун аз гилемат макун пой пеш!
Абўшакури Балхӣ

Чу андозаи худ надонӣ ҳаме,
Равонро ба хун дарнишонӣ ҳаме.
Абулқосими Фирдавсӣ

Маҷўй он ч-ат орад саранҷом бим,
Макаш пой аз андоза беш аз гилем!
Асадии Тўсӣ

Бар хар ҷое, ки хоҳӣ даршуданро,
Нигаҳ кун роҳи берун омаданро!
Носири Хусрав

Бидон худро миёни анҷуман ҷой,
Макаш беш аз гилеми хештан пой!
Носири Хусрав

Ҳар чи аз ҳад бигзарад, ночор гардад зидди он.
Масъуди Саъди Салмон

Ҳар ки по аз ҳадди худ бартар ниҳад,
Сар диҳад бар боду тан бар сар ниҳад.
Фаридуддини Аттор

Бирав, савдои беҳуда мапаймой,
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!
Фаридуддини Аттор

Сар баровар аз гилемат, эй калим,
Пас фурў кун пой бар қадри гилем!
Фаридуддини Аттор
Орзу мехоҳ, лек андоза хоҳ,
Барнатобад кўҳро як парри коҳ.
Ҷалолиддини Румӣ

Носиҳон гуфтанд: «Аз ҳад магзарон,
Маркаби истезаро чандин марон!»
Ҷалолиддини Румӣ

Аз андоза бартар манеҳ пои хеш,
Хирадро нигаҳ дор дар ҷои хеш!
Маро панд додаст марди ҳаким,
Ки: «Поят фузунтар макаш аз гилем!»
Саъдии Шерозӣ

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накўст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дўст.
Саъдии Шерозӣ

Магўю манеҳ, то тавонӣ, қадам
Зи андоза берун в-аз андоза кам!
Саъдии Шерозӣ

Ба андоза буд бояд намуд,
Хиҷолат набурд он, ки нанмуд буд.
Саъдии Шерозӣ

Нахоҳӣ, ки зер афтӣ аз ҷои хеш,
Зи андоза берун манеҳ пои хеш!
Хусрави Деҳлавӣ

Ҳар ки афзун кашад қад зи гилем,
Афканад хешро ба вартаи бим.

пешина
аз 331
навбатӣ