Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи ҷаҳли хеш чун орат наёяд,
Чаро дорӣ ҳаме з-омўхтан ор?
Носири Хусрав

Зи ҳикмат хуриш ҷўй мар ҷон-тро,
Дилат меъда созу даҳан гўш кун!
Носири Хусрав

Илм, к-аз баҳри ҳашмат омўзӣ,
Ҳосилаш ранҷ дону бадрўзӣ.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳар ки з-омўхтан надорад нанг,
Дур барорад зи обу лаъл аз санг.
Низомии Ганҷавӣ

Ҳар ки аз дунё нагирад ибрате,
Ҳаст аз он мудбир ҷаҳонро нафрате.
Фаридуддини Аттор

Мероси падар хоҳӣ, илми падар омўз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рўз.
Саъдии Шерозӣ

Хунук он, ки дар сўҳбати оқилон
Биёмўзад ахлоқи соҳибдилон.
Саъдии Шерозӣ

Бихон, ҳар чӣ хонӣ, валекин тамом,
Ки нопухта некўтар аз нимхом.
Хусрави Деҳлавӣ

Ту ба омўхтан баланд шавӣ,
То бидонию арҷманд шавӣ.
Рукниддини Авҳадӣ
Ҳар чи донӣ ту, беҳ зи нодонист.
Рукниддини Авҳадӣ

Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад,
Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.
В-он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Ҳам хештан аз нанги ҷаҳолат бираҳонад.
В-он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.
Ибни Ямин

Мазан пушти по бахти фирўзро,
Ба қисмат се кун ҳар шабонрўзро:
Якеро ба таҳсили дониш гузор,
Ки бедонишӣ ҳаст чун айбу ор.
Ба дониш шав андар дувум коргар,
Савумро ба бедонишон бар ба сар!
Бад-ин нукта донову бихрад шудам,
Ки доно ба нодонии худ шудам.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар касби камол боядат ҷаҳд,
Дар беҳталабӣ басарбарӣ аҳд.
Гирдоби талаб васеу давр аст,
Дарёи улум дуру ғавр аст.
Қонеъ нашавӣ, ба ҳар чӣ ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дилатро ба донишварӣ дор хуш,
Чу донистӣ, он гоҳ дар кор кўш!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба ҳар як лафз дар фанни малоҳат
Китобат кун зи таснифи саноат.
Тошхоҷа Асирӣ

пешина
аз 331
навбатӣ