Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

4.ХОНДАН ВА ОМЎХТАН

Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд!
Абуабдуллоҳи Рўдакӣ

Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Туро гарчи дониш ба гардун расад,
Зи донои дигар шунидан сазад.
Абўшакури Балхӣ

Биёмўз, то бад набошад – рўз,
Чу парвона мар хештанро масўз!
Абўшакури Балхӣ

Биёмўз, ҳарчанд битвониё
Магар хештан шод гардониё!
Абўшакури Балхӣ

Ҳунарманд бо мардуми беҳунар
Ба фарҷом ҳам хок дорад ба сар!
Валекин аз омўхтан чора нест,
Ки гўяд, ки донову нодон якест!
Абулқосими Фирдавсӣ

Маёсой аз омўхтан як замон,
Зи дониш маяфкан дил андар гумон!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба омўхтан чун фурўтан шавӣ,
Суханҳои донандагон бишнавӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Биёмўзу бишнав зи ҳар донише,
Ки ёбӣ зи хар донише ромише.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зи хар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омўхтан як замон нағнавӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Чӣ гўӣ, ки коми дил афрўхтам,
Ҳама, ҳар чи боистам, омўхтам!
Абулқосими Фирдавсӣ

Замоне маёсой аз омўхтан,
Агар ҷон ҳаме хоҳӣ афрўхтан!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳар ки омўзиши рўзгор ўро нарм ва доно накунад, дар омўзиши ў ҳеч касро ранҷ набояд бурд, ки ранҷи ў зоеъ бошад.
Унсурулмаолии Кайковус

Омўхтан тавон зи яке хеш сад адаб,
Афрўхтан тавон зи яке шамъ сад чароғ.
Қатрони Табрезӣ

Биёмўз, ҳарчанд душворат ояд,
Ки душвор аз омўхтан гашт осон.
Носири Хусрав

Биёмўз он чи нашносӣ ту, зинҳор,
Ки бар кас нест аз омўхтан ор.
Носири Хусрав

Ор ҳаме дорӣ аз омўхтан,
Шарм ҳаме н-оядат аз ори хеш?!
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ