Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ту, ки айб аз адад бурун дорӣ,
Бар забон айби халқ чун орӣ?!
Камолиддини Биноӣ
Агар айби касе аз кас шанидӣ,
Чунон кун: он сухан ҳаргиз надидӣ.
Ҳар он кас айби мардум бо ту гўяд,
Бидон, бо дигарон айби ту ҷўяд.
Роғиби Самарқандӣ
Айб ар кунадат рафиқ дар рў,
Мамнун бишаву маранҷ аз ў.
В-ар айби рафиқро бидонӣ,
Бепарда бигўй, на ниҳонӣ.
Абулқосим Лоҳутӣ
Одамӣ ба айби хеш нобино бувад.
«Кимиёи саодат»
Ҳар ки беайб набошад, вайро маломат нарасад ва ҳеҷ кас беайб набувад.
«Кимиёи саодат»
Зиёнкортар айбе айби худ нодидан аст.
«Таърихи гузида»
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон, Бошад андар ҷустани айби касон.
Бечорагӣ айб нест, дуздӣ айб аст!
Зиёнкортар аз тамоми зиштиҳо айбест, ки ба соҳибаш пўшида бошад.
Кўри худ мабошу бинои мардум.
Айби худ аз дўстон мапурс, ки бинанду нагўянд, аз душманон биҷўй, ки набинанду гўянд.
Мардумро дар ғайбат ҳамой гўй, ки дар рўй тавонӣ гуфт.
Айби худро аз бегонагон пурс, ки дўстон нагўянд.
Айби худро гуфтан даҳони душманон бастан аст.
Айби худ дар пеш ору баъд айби дигарон.
Айби мардум пардозӣ, айби худ надонӣ.
Айбе, ки аз як дурўғ гуфтан биншинад, ба ҳазор рост барнахезад.
Айби худро донистан беҳтар аз ғайб донистан аст.
Айби худ наёфтан болотарини айбҳост.
Айби худро донӣ, мардӣ!
Айбро кӣ кунад? Маъюб.
Хандаро кӣ кунад? Лабкаҷ!
- ҒАЙБАТ
Рав, забон аз ғайбати мардум бибанд,
То набинӣ дасту пои худ ба банд!
Фаридуддини Аттор
Ҳар ки аз ғайбат забонаш баста нест,
Ончунон кас аз уқубат раста нест.
Фаридуддини Аттор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё