Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар ки бад андар дигаре гуфт, аз суҳбати ў бипарҳез,
ки дар пеши ту ҳамчунин тибат кунад ва аз қафо ғайбат.
Саъдии Шерозӣ

Эй бародар, манеҳ ба ғайбат рўй,
Ки бувад рўсиёҳ ғайбатгўй!
Камолиддини Биноӣ

Гўш манеҳ бар лаби ғайбатгарон,
То ту ҳам анбоз набошӣ дар он!


Ғайбати кас, то битавонӣ, нагўй,
З-он ки зи ғайбат биравад обрўй.


Нони худатро мехурӣ, ҳарфи мардум чаро мезанӣ?


Ғайбати худро шунидан беморист, нашунидан–даво.

22.БАХИЛӢ

Бахилӣ макун ҳеҷ, агар мардумӣ,
Ҳамоно, ки кам бошӣ аз одамӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ

Эй писар, ҳаргиз махур нони бахил,
Кам нишин дар умр бар хони бахил!
Фаридуддини Аттор

Бахил арчи бошад тавонгар ба мол,
Ба хорӣ чу муфлис хурад гўшмол.
Саъдии Шерозӣ

Каримон зи амвол бар мехуранд,
Бахилон ғами симу зар мехуранд.
Саъдии Шерозӣ
Зар аз маъдан ба кон кандан бадар ояд ва аз дасти бахил ба ҷон кандан.
Саъдии Шерозӣ

Бухлу дўстӣ бо ҳам набошанд.
Саъдии Шерозӣ

Сўи хеш ту бухлро раҳ мадеҳ,
Ки дасти кушодаст аз баста беҳ!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар фурўмоя, к-ў бахил шавад,
Назди халқи ҷаҳон залил шавад.
Камолиддини Биноӣ

Андешаи бухл аз яқин маҳҷурист,
Бо халқ ҳасад зи файзи маънӣ дурист.
Бар хеш ситам раво мадор, эй ғофил,
Чашмат во кун, ки тангчашмӣ кўрист!
Абдулқодири Бедил

Бош аз бухли бахилон баркарон,
То набошӣ аз шумори аблаҳон.


Тавбаи бад худ куҷо маҳкам бувад?!
Мар бахилонро мурувват кам бувад!


Агар аз фарқ то қадам ҳунарӣ,
Чун бахилӣ, зи хоки раҳ батарӣ.

  1. ПУРХЎРӢ

Туро хўрди бисёр бигзоядат
Ва гар кам хурӣ, рўз бифзоядат.
Абулқосими Фирдавсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ