Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳикмати неку бад чу дар ғайб аст,
Айб кардан зи зиракон айб аст.
Рукниддини Авҳадӣ

Номаи айби касон, гирам, ки бархонӣ чу об,
Ним ҳарф аз номаи худ барнамехоҳӣ, чӣ суд?
Рукниддини Авҳадӣ

Он ки айби ту гуфт, ёри ту ўст
В-он ки пўшида дошт, мори ту ўст.
Рукниддини Авҳадӣ

Эй хуш он, ки ба айббинии хеш
Пешвои ҳунарварон гардад,
Айби ў пеши дидаи дили ў
Пардаи айби дигарон гардад.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чун лаиме бо ҳазорон айбу ор
Рўзу шаб дар халқи олам ошкор,
Бинад андак айб аз соҳибкарам,
Барнаёрад ҷуз ба таъну лаън дам.
Он ба айби ин шавад яксар забон
В-ин ба зикри он наёлояд даҳон.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нашуста зи худ ҳарфи айб аз нахуст,
Зи ту айбшўӣ наёяд дуруст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Айби худ мепўшад аз чашми халоиқ айбпўш.
Соиби Табрезӣ

Айб дар дигарон чӣ металабӣ?
Чун ту дорӣ ҳар он чи металабӣ.
Камолиддини Биноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ