Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Айб бошад, к-ў набинад ҷуз, ки айб,
Айб кай бошад равони поки ғайб?
Ҷалолиддини Румӣ
Нокасонро фаросатест азим,
Гарчи ториктабъу бадхўянд.
Чун ду кас машварат баранд ба ҳам,
Гўяд: «Ин айби ман ҳамегўянд!».
Саъдии Шерозӣ
Касе ба ҳамду санои бародарони азиз
Зи айби хеш набояд, ки бехабар бошад,
Зи душманон шунав, эй дўст, то чӣ мегўянд,
Ки айб дар назари дўстон ҳунар бошад.
Саъдии Шерозӣ
Гарат айбҷўӣ бувад дар сиришт,
Набинӣ зи товус ҷуз пои зишт!
Сафое ба даст ор, эй тирарўй,
Ки нанмояд оинаи тира рўй!
Саъдии Шерозӣ
Ҳар он кас, ки айбаш нагўянд пеш,
Ҳунар донад аз ҷоҳилӣ айби хеш.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки айби дигарон пеши ту оварду шумурд,
Бегумон, айби ту пеши дигарон хоҳад бурд.
Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ
Агар марди некӣ, ба кас бад магўй,
Бипарҳез аз ҳосиди айбҷўй!
Саъдии Шерозӣ
Айби худро аз дўстон мапурс, ки бипўшанд, тафаҳҳус кун, ки душманон чӣ мегўянд?
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё