Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Писаронро кунад ду кор хароб:
Ҳаваси зинату ҳавои шароб.
Вой бар он писар, ҳазорон вой,
Ки бувад майпарасту худорой!


Ба бода даст маёлой, к-он ҳама хунест,
Ки қатра-қатра чакидаст аз дили ангур.


Шароб ар хар хурад, полон бибахшад.


Шиша ба мастӣ мебарад,
Мастӣ ба пастӣ мебарад.


Девона, гурез маст омад.


Охири мастӣ–сарпастӣ.


Маст куҷою шарм куҷо?!


Мастӣ субҳ надорад.

20.АЙБ ВА АЙБҶЎӢ

Чу айби тани хеш донад касе,
Зи айби касон ў нагўяд басе.
Абулқосими Фирдавсӣ

Мардум айби хеш натавонад донист.
Абулфазли Байҳақӣ

Айб оварад айбҷўянда мард.
Асадии Тўсӣ

Макун мадҳи худу айби дигар кас,
В-агар гўяд касе, гў: «З-ин сухан бас!»
Носири Хусрав
Макун айби касон, то метавонӣ,
Ки ту, эй дўст, айби худ надонӣ.
Носири Хусрав

Гар битарси з-он, ки дигар кас биҷўяд айби ту,
Чашмат аз айби касон лахте бибояд хобанид.
Носири Хусрав

Мард бояд, ки айби худ бинад,
Бар раҳи зўру ғайба наншинад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Гар касе айби ту кунад, бишнав
В-он чӣ айб аст, ҷумлагӣ бидрав.
Абдулмаҷди Саноӣ

Дида зи айби дигарон кун фароз,
Сурати худ бину дар ў айб соз!
Низомии Ганҷавӣ

Ту агар айби худ ҳаме донӣ,
Наӣ аз ома, бал ҷаҳонбонӣ.
Низомии Ганҷавӣ

Ҳар ки гўяд айби ту андар ҳузур,
Менамояд роҳат аз зулмат ба нур.
Фаридуддини Аттор

Гар ба айби хештан доно шавӣ,
Кай ба айби дигарон бино шавӣ?!
Фаридуддини Аттор

Ҳар киро бинӣ шикоят мекунад,
К-он фалон кас росттабъу хўйбад.
Ин шикоятгар, яқин, хеши бад аст,
Ки аз он бадхўй бадгў омадаст.
Ҷалолиддини Румӣ

пешина
аз 331
навбатӣ