Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Марди оқил сазад, ки май нахурад,
То ба охир фиреби вай нахурад.
Ақл, к-ў ҳомили амонати туст,
То ки бархост, дар сиёнати туст.
Бода чун ақлро кунад зоил,
Башарият ба шар шавад моил.
Рў ба ҷаҳл оварад зи дониши худ,
Бад надонад зи неку нек зи бад.
Бода чун бар димоғ чира шавад,
Шуъла мирад, чароғ тира шавад.
Ба табоҳӣ кашад димоғи туро,
Пуф кунад шуълаи чароғи туро.
Ҳар димоғе, ки масти роҳ шавад,
Ганда чун батни мустароҳ шавад.
Бода дар ҳар саре, ки ҷо гирад,
Ақл аз ў пои хеш во гирад.
Камолиддини Биноӣ
Эй бародар, маёр рў ба шароб,
Баҳри андўҳу меҳнат аст ин об.
Душмани ақлу хасми ҷон ин аст,
Хонавайронкуни ҷаҳон ин аст.
Камолиддини Биноӣ
Бода бо он ки гармбозор аст,
Судаш андак, зиён-ш бисёр аст.
Камолиддини Биноӣ
Хору хасро менишонад шуъла бар хоки сиёҳ,
Оқибат аҳли ҳавасро мекунад расво шароб.
Абдулқодири Бедил
То рухат содаву ҷамил бувад,
Май махур, гарчи салсабил бувад!
Писароне, ки бодахоҳ шаванд,
Аз маи сурх рўсиёҳ шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё