Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Май, ки оташ надида, ҷўш кунад,
Чун ба оташ расад, хурўш кунад.
Май чу оташ бар оташат резад,
Менадонӣ, чӣ фитна ангезад?
З-ин ду оташ чу дег барҷўшӣ,
Гар ба якбора чун Сиёвушӣ.
Завқи покон зи хамру мастӣ нест,
Ҷоҳи некон зи кибр ҳастӣ нест.
Гоҳ мастию гаҳ харобӣ ту,
Кас надонад, ки аз чӣ бобӣ ту.
Чун накардӣ харобӣ ободон,
Бар харобӣ чӣ мешавӣ, нодон?!
Рукниддини Авҳадӣ
Маст гўяд ҳама беҳуда сухан,
Сухани маст ту бар маст магир!
Ҳар ки ў гирад бар даст шароб,
Ҳар чи гўяд, бар даст магир!
Ибни Ямин
Ободии майхона зи вайронии мост.
Ҳофизи Шерозӣ
Мастӣ сифати мардуми озода набошад.
Камоли Хуҷандӣ
Накўӣ кас надид аз май ба олам,
Бувад шодии ў пайваста бо ғам.
Шари дунё саросар дар шароб аст,
Фаровон хонумон аз вай хароб аст.
Махур! Гар мехўрӣ, зинҳор кам хўр,
Ки аз кам хўрданаш камтар бувад шўр.
Зи пурхории май бадном гардӣ,
Табаҳ бар чашми хосу ом гардӣ.
Шоҳини Шерозӣ
Шару шўри ҷаҳон андар шароб аст,
Шароб аст он, ки дониш з-ў хароб аст.
Шоҳини Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё