Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бода кам хўр, хирад ба бод мадеҳ!
Хешро ёди ў ба ёд мадеҳ!
Ҳушёрӣ ту, беҳ ки беҳушӣ,
Ҳушёрӣ ту, бода кам нўшӣ.
Май бутунаш кашад сар аз бўстон,
Банд рўят кунад ба гўристон.
Бода дар хоку банг дар анбон,
Гар на девонаӣ, машав ҷунбон!
Маи сурхат намадфурўш кунад,
Банги сабзат гилемдўш кунад.
Дилсиёҳӣ диҳанду рухзардӣ,
Биҳил ин сурху сабз, агар мардӣ.
Бангат он иштиҳо диҳад ба дурўғ,
Ки чу моуласал билесӣ дўғ.
Май чунонат кунад ба нодонӣ,
Ки бузи модаро парӣ хонӣ.
Биҳил он обро, ки тар гардӣ,
Махур ин сабзаро, ки хар гардӣ.
Таркашон кун, ки дўстони баданд,
З-он ки ин ҳар ду душмани хираданд.
Ҷуд нек асту ҷуди мастон бад,
Ҳушёрӣ зи майпарастон бад.
Маст нодим шавад ба ҳушёрӣ,
Ту зи мастон тамаъ чӣ медорӣ?!
Чанд гўӣ, ки бода ғам бибарад?
Дину дунё, бибин, ки ҳам бибарад!
Гарчи ғамсўзу ғуссакоҳ аст ў,
З-ў бирам, к-оби зери коҳ аст ў.
Гарчи обе тунук намояд саҳл,
Пой дар вай манеҳ ту аз сари ҷаҳл.
Ту дар обӣ, чунин далер марав,
Бар канораш расӣ, чу шер марав!
Барҳазар бош аз оби оташранг,
Ки тафаш аждаҳост, тоб наҳанг.
Оташи бода бармакун з-ин пас,
Ки туро оташи ҷавонӣ бас.

пешина
аз 331
навбатӣ