Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Офтоб ба зардӣ афтад, танбал ба ҷардӣ.
Аз зиндаи бекор мурда беҳтар аст.
Ба хўрдан тайёру ба кор бемор.
Ба танбал кор фармо, панд бишнав.
Беморӣ беҳ аз бекорӣ.
- МАЙХЎРӢ
Ба андоза - бар ҳар касе май хўред,
Зи оғоз фарҷоми худ бингаред!
Чу майтон ба шодӣ шавад раҳнамун,
Бихуспед, то тан нагардад забун!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба пирӣ ба мастӣ маёзед даст,
На некў бувад пири бодапараст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба пиру ҷавон аз май ояд гуноҳ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Май душмани масту дўсти ҳушёр аст,
Андак тарёку беш заҳри мор аст.
Дар бисёраш мазаррати андак нест,
Дар андаки ў манфиати бисёр аст.
Абўалӣ ибни Сино
Нўшидани бисёрро одат магиру гўш кун, Аз бода қонеъ шав ба кам, гоҳею андак нўш кун!
Абўалӣ ибни Сино
Агар шароб надонӣ хўрд, заҳр аст ва агар бидонӣ хўрдан, подзаҳр.
Унсурулмаолии Кайковус
Ба андоза беҳ ҳар ки ў май хўрад,
Ки чун хўрдӣ, афзун, бикоҳад хирад.
Махўр бода чандон, к-ат орад газанд,
Машав маст, аз ў хуррамӣ кун писанд!
Асадии Тўсӣ
Агар аҳлӣ, мадеҳ девонаро май,
Ба қадри ақли ҳар кас гўй бо вай.
Носири Хусрав
Чун бода хурӣ, зи ақл бегона машав,
Мадҳуш мабошу ҷаҳлро хона машав!
Хоҳӣ, ки майи лаъл ҳалолат бошад,
Озори касе маҷўю девона машав!
Умари Хайём
Накунад доно мастӣ, нахурад оқил май,
Наниҳад марди хирадманд сўи пастӣ пай.
Абдулмаҷди Саноӣ
Хўрдани май заҳмати хумор наярзад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Бодаро бар хирад макун ғолиб!
Афзаладдини Ҳоқонӣ
Дўстӣ ҳаргиз макун бо бодахор,
Аз чунин кас хештанро дур дор!
Фаридуддини Аттор
Шароб аз паи сурхрўӣ хуранд,
В-аз он оқибат зардрўӣ баранд.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё