Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Доим аз кибр барҳазар мебош,
Бо тавозуъ фикандасар мебош!
Камолиддини Биноӣ
Шарм дор, эй саркаш, аз лофу ғурур,
Нест боли шуълаат ҷуз барги коҳ!
Абдулқодири Бедил
Машав мағрури ақлу дониши хеш,
Бинеҳ оинаи тадбир дар пеш.
Роғиби Самарқандӣ
То тавонӣ, ба гирди кибр магард,
Мутакаббир, баре зи кибр нахур.
Такаббур одамиро хор созад,
Такаббур кўҳро аз бар гудозад.
Худписандӣ далели нодонист,
Охири вай фақат пушаймонист.
Ман-маниҳо пешаи шайтон бувад.
Худситоӣ нест расми мардуми соҳибкамол.
Аз худ нарав, ки ёронат аз ту раванд.
Худситоӣ мояи бемоягон аст.
Худписанд писанди халқ набошад.
Мағрур – аз ҷамоат дур.
Худбин мабош, дурбин бош!
Шеваи кибру худписандӣ бунёд надорад.
18. ТАНБАЛӢ ВА БЕКОРӢ
Пой дорӣ, чун кунӣ худро ту ланг,
Даст дорӣ, чун кунӣ пинҳон ту чанг.
Ҷалолиддини Румӣ
Мард ҳама ҷо ба сари кор беҳ,
Шахси муаттал хиҷилу хор беҳ.
Баҳраи мақсуд чу беранҷ нест,
Коҳили бекор ба бегор беҳ.
З-он тани коҳил, ки гули нозук аст,
Хоркаши сўхта сад бор беҳ.
Хусрави Деҳлавӣ
Нашояд ҳеҷ мардум хуфта дар кор,
Ки дар поён пушаймонӣ диҳад бор.
Хусрави Деҳлавӣ
Зи лавҳи соя ҷуз ин ҳарф сархате надамид,
Ки помоли ҷаҳонанд аҳли бекорӣ.
Абдулқодири Бедил
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Садриддин Айнӣ
Кор кун!-- Беморам.
Ош хўр!– Тайёрам.
На бел задам, на поя,
Ангур мехурам дар соя.
Он ки рўзгораш ба танбалӣ гузашт, дучори усрат ва парешонӣ гашт.
Дар хўрдан наҳанг, дар кор кардан бузи ланг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё