Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дар маҳфиле, ки Хуршед андар шумори зарра-ст, Худро бузург дидан шарти адаб набошад.
Ҳофизи Шерозӣ
Машав мағрури ҳусни хубрўён,
Ба зулфи дилкашу рўи нигорӣ,
К-аз онҳо гирадат дил соли дигар,
Чунон к-имсол аз хубони порӣ!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Худписандони нописандида
Мўи афзуниянд дар дида.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Макун гарданфарозӣ, то насозад даҳр помолат,
Ки най охир зи ҷурми саркашиҳо бурё гардад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Машав ғарраи ҳусни гуфтори хеш,
Назар кун, ки чун аст кирдори хеш!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Басо мард, к-ў дам зи тадбир зад,
Вале бар худ аз уҷби худ тир зад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Мағрур машав ба ҳашмати хеш,
Медор нигоҳ иззати хеш!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Такаббур сарбаландонро кунад паст,
Тавозўъ зердастонро забардаст.
Бадриддин Ҳилолӣ
Кибр онро, ки расмвор шавад,
Шак маёвар дар ин, ки хор шавад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё