Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Кибр зишту аз гадоён зишттар.
Ҷалолиддини Румӣ
Ин боди буруту нихват андар бинӣ,
Он рўз, ки аз амал бияфтӣ, бинӣ.
Саъдии Шерозӣ
Дар ҳеҷ кас ба чашми ҳақорат назар макун,
То дар ту ҳам ба дидаи таҳқир нангаранд.
Абдуллоҳи Ансорӣ
Тухми такаббур мафишон синаро,
Пушт мадеҳ суҳбати деринаро!
Хусрави Деҳлавӣ
Кибр мўҷиби нафрати мардумон аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Машав ғарра бар зўри бозуи хеш,
Нигаҳ дор вазни тарозуи хеш.
Рукниддини Авҳадӣ
Фахре, ки аз василати дунҳиммате расад,
Гар ному нанг дорӣ, аз он фахр ор дор.
Рукниддини Авҳадӣ
Бо мардуми нек бад намебояд буд,
Дар бодия деву дад намебояд буд.
Мафтуни маоши худ намебояд шуд,
Мағрур ба ақли худ намебояд буд.
Ҳофизи Шерозӣ
Зи сеҳри ғамзаи фаттони хеш ғарра мабош,
Ки озмудаму суде надошт мағрурӣ.
Ҳофизи Шерозӣ
Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон суҳбат мадор,
Худписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.
Ҳофизи Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё