Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу бар дониши хеш меҳр оварӣ,
Хирадро зи ту бигсалад доварӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи нури рўз гурезад ҳамеша зулмати шаб,
Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.
Абулҳасани Фаррухӣ
Машав ғарра ба зўри бозуи хеш,
Ки бошад зўрбозуҳо аз ин беш!
Носири Хусрав
Машав худбин, ки он бошад ҳалокат,
Ва з-он тира бимонад ҷони покат!
Носири Хусрав
Ҳазар аз молдори пуртакаббур,
Ки мабраз гандатар гардад, чу шуд пур.
Носири Хусрав
Душман, чу накўҳол шавӣ, гирди ту гардад,
Зинҳор, машав ғарра бад-он чарбзаниҳош.
Носири Хусрав
Ғарра машав ба рўзи тавоноӣ,
К-охир заифӣ аст тавоноро.
Носири Хусрав
Бар ҳусну ҷавонӣ, эй писар, ғарра машав!
Бас ғунчаи ношукуфта бар хок бирехт.
Умари Хайём
Агар ҳушмандӣ, чи андак, чи беш,
Машав ғарра бар рою тадбири хеш!
Адиб Собири Тирмизӣ
Ҳар ки гашт аз кибр боло гарданаш,
Дўстон гарданд охир душманаш.
Фаридуддини Аттор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё