Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ҷо, ки арз кард қаноат матоъи хеш,
Бозори ҳирсу маъракаи озро шикаст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Тамаъу адл оташу обанд,
Ҳар ду як ҷо қарор кай ёбанд?
Чун бикўбад тамаъ дари маскан,
Адл берун гурезад аз равзан.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Тамаъ аз халқ гадойӣ бошад,
Гар ҳама Ҳотами Тойӣ бошад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ғараз он ҷо ки бор бикшояд,
Дўстиро маҷол танг ояд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳаст зери фалаки гарданда
Қонеъ озодаву томеъ банда.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар ҷо тамаъ вуҷуд надорад, бахил нест.
Соиби Табрезӣ
Аз маломат накунад аҳли тамаъ андеша,
Дили ин тоифаро рўинатан сохтаанд.
Сайидои Насафӣ
Ба кунҷи хонаи худ мурдан аз ғам
Беҳ аз кардан тамаъ аз дасти одам.
Роғиби Самарқандӣ
Мадеҳ роҳ соҳибғараз пеши хеш,
Зи соҳибғараз мешавад сина реш,
Ки ў ҷумла найрангу макру фан аст,
Бурундўстдору дарундушман аст.
Беҳтар аз савлати он кас думи саг,
Ки бар ў баҳри тамаъ ҷунбад раг.
Тамаъро аз се ҳарфи бенуқат карданд таҳрираш,
Нуқатро шарм меояд, ки дар гирди тамаъ гардад.
То шавӣ озоду мақбул, эй азиз,
Бетамаъ мебош, агар дорӣ тамиз!
Тамаъро набояд, ки чандон кунӣ,
Ки соҳибкарамро пушаймон кунӣ.
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.
Ҷоҳ асту қадру манфиа онро, ки тамаъ не,
Изз асту садру мартаба онро, ки оз нест.
Тамаъ мебарад аз рухи мард об,
Сияҳрўй шуд, то гирифт Офтоб.
Хорӣ зи тамаъ хезаду иззат зи қаноат.
Томеъ ҳамеша шарманда аст.
Охири тамаъ хорист.
Озманд пайваста наёзманд бувад.
- ХУДПИСАНДӢ ВА ХУДБИНӢ
Машав ғарра з-оби ҳунарҳои хеш,
Нигаҳ дор бар ҷойгаҳ пои хеш!
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё