Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чун зи ҷоми бехудӣ ратле кашӣ,
Кам занӣ аз хештан лофи манӣ.
Ҳофизи Шерозӣ
Хуш бувад, гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,
То сияҳрўй шавад, ҳар ки дар ў ғаш бошад.
Ҳофизи Шерозӣ
Дар ростию вафодорӣ муболиға накунед, то ба қулинҷ ва дигар амроз мубтало нашавед!
Убайди Зоконӣ
Асари кизб бувад ҳеҷкасӣ,
Ба касӣ гар расӣ, аз сидқ расӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба санъат гар биёроӣ дурўғе,
Нагирад з-он чароғи вай фурўғе.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Нест ҷуз берунӣ дар ҷои иқомат ҳалқаро,
Роҳ дар дилҳо наёбад, чун бувад гуфтор каҷ.
Соиби Табрезӣ
Он ки ба дурўғгўӣ мансуб гашт, агар рост гўяд, аз ў бовар надоранд.
«Марзбоннома»
Он айбе, ки аз як дурўғ гуфтан биншинад, ба ҳазор рост барнахезад.
«Марзбоннома»
Ҳаргиз дурўғ магўй ва ба роҳи норостӣ мапўй, ки қозиб ҳамеша хор ва беэътибор бошад.
Аз дурўғ бипарҳез ва аз ғаразу ҷидол бигрез!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё