Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар он касро, ки гуфтораш дурўғ аст,
Зи рўи ақл рўяш бефурўғ аст.
Носири Хусрав
Макун фаҳшу дурўғу ҳазл пеша,
Мазан бар пои худ зинҳор теша!
Носири Хусрав
Мунофиқро мадон ёри мувофиқ,
Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ!
Носири Хусрав
Аз каҷӣ беҳ, ки рўй бартобед,
Растагорӣ зи ростӣ ёбед!
Низомии Ганҷавӣ
Лоф аз сухани чу дур тавон зад,
Он хишт бувад, ки пур тавон зад.
Низомии Ганҷавӣ
Он ки каззоб асту мегўяд дурўғ,
Нест ўро дар вафодорӣ фурўғ.
Фаридуддини Аттор
Бо мунофиқ ҳар ки ҳамраҳ мешавад,
Манзили ў дар таги чаҳ мешавад.
Фаридуддини Аттор
Ту малоф аз мушк, к-он бўи пиёз
Аз дами ту мекунад макшуф роз.
Ҷалолиддини Румӣ
Якеро, ки одат бувад ростӣ,
Хатое равад, даргузоранд аз ў.
Ва гар номвар шуд ба қавли дурўғ,
Дигар рост бовар надоранд аз ў.
Саъдии Шерозӣ
Душман чу бинӣ нотавон,
Лоф аз бурути худ мазан!
Мағзест дар ҳар устухон,
Мардест дар ҳар пираҳан.
Саъдии Шерозӣ
Дурўғ одамиро кунад бевиқор,
Дурўғ одамиро кунад шармсор.
Саъдии Шерозӣ
Зи каззоб гирад хирадманд ор,
Ки ўро наёрад касе дар шумор.
Саъдии Шерозӣ
Дурўғ, эй бародар, магў зинҳор,
Ки козиб бувад хору беэътибор.
Саъдии Шерозӣ
Фиребандаро пой дар пай манеҳ,
Чу рафтию дидӣ, амонаш мадеҳ!
Саъдии Шерозӣ
Гар рост сухан гўию дар банд бимонӣ,
Беҳ з-он ки дурўғат диҳад аз банд раҳоӣ.
Саъдии Шерозӣ
Дурўғ гуфтан ба зарбати шамшер монад, ки агар
Низ ҷароҳат дуруст шавад, нишон бимонад.
Саъдии Шерозӣ
Дурўғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез.
Саъдии Шерозӣ
Аз падари мурда малоф, эй ҷавон,
Гар на сагӣ, чун хушӣ аз устухон?
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё