Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Хонаи дурўғгў оташ гирифт, ҳеҷ кас бовар накард.
Дурўғгўю ҳазлпеша бизанад ба пои худ теша.
Дурўғгўро то дари хонааш бод расонид.
Лоф кори аҷлоф аст.
Пеши дурўғгў ҳама кас беҷавоб аст.
Чароғи дурўғ фурўғ надорад.
Безабонӣ беҳ аз дурўғгўӣ.
Дуруғгў ҳар ҷо залил аст.
Дурўғгў худ худро расво кунад.
Дурўғ шеваи мунофиқон аст.
9.ПАЙМОНШИКАНӢ
Чу паймоншикан бошию тезмағз,
Наёяд зи пайкори ту кори нағз.
Абулқосими Фирдавсӣ
Надонӣ, ки мардони паймоншикан
Ситуда набошанд дар анҷуман.
Абулқосими Фирдавсӣ
Макун ёрии марди паймоншикан,
Ки паймоншикан хок дорад кафан.
Абулқосими Фирдавсӣ
Гунаҳкор гашт он, ки бишкаст аҳд,
Гузин кард ҳанзал, бияндохт шаҳд.
Абулқосими Фирдавсӣ
- НОСИПОСӢ
Зи ҷўе, ки хўрдӣ аз ў оби пок,
Нашояд фикандан дар ў сангу хок.
Асадии Тўсӣ
Ҳар ки дарё ба туф ғубор кунад,
Моҳӣ аз тоба кай шикор кунад?!
Абдулмаҷди Саноӣ
Зи хони ҳар касе олойӣ ангушт,
Дар озори вай ангуштон макун мушт!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар кас, ки намак хурад, намакдон шиканад,
Дар маҳфили риндони ҷаҳон саг беҳ аз ўст.
Саги ҳақшинос беҳ аз мардуми ҳақношинос.
- ТАРСОНЧАКӢ, БУЗДИЛӢ
Ба душман ҳар он кас ки бинмуд пушт,
Шавад з-он сипас рўзгораш дурушт.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё