Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Зи доноён бимонад ёдгорӣ,
Вале нодон кашад сад ҷавру хорӣ.
Роғиби Самарқандӣ
Нодон ҳамчу дег дар ҷўш аст, ҳарзагў чу оташ дар хурўш.
Роғиби Самарқандӣ
Айши сад доно зи як нодон мунағғас мешавад, Рабти мисраъ барҳам аст он ҷо, ки ҳарфе кўр шуд.
Абдулқодири Бедил
Пеши лояъқил зи дониш дам задан девонагист.
Зебуннисо
Аҳвал агар якеро ду хонад, оина дар муқобилаш дор,
то чорпойии худро ба шаҳодати мушоҳида донад ва остини рад бар эътиқоди худ афшонад.
Шамсиддини Шоҳин
Обмўрӣ агар аз боғ калон аст, гила аз кундии хор ва пастии девор аблаҳии боғбон аст.
Шамсиддини Шоҳин
Дар байни тўда ғафлат агар ҳукмрон набуд,
Не шаҳ, на шайх соҳиби ин устухон набуд.
Абулқосим Лоҳутӣ
Эй бехабар, аз бехирадон шиква чӣ лозим?
Одам набувад он, ки зи ҳайвон гила дорад.
Гуле, ки бўй надорад, ба вай чаман ҳайф аст,
Касе, ки фаҳм надорад, ба вай сухан ҳайф аст.
Он бувад аблаҳтарини мардумон,
К-аз паи нафсу ҳаво бошад равон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё